АСАДУЛЛОЗОДА ИЗАТУЛЛО
аз 17 июли соли 2023 дар вазифаи директори КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Санаи 27 декабри соли 1975 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллат - тоҷик.
* Кор
ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1995 - 1997 мутахассиси дараҷаи 1 Раёсати тиҷорат, ташкили савдо, хӯроки умумӣ ва нархи Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикматлубот», шаҳри Душанбе
Солҳои 1997 - 1998 сармутахассиси пойгоҳи Душанбегии универсалии яклухфурушӣ ва савдои Иттифоқи «Тоҷикматлубот», шаҳри Душанбе
Солҳои 1998 - 2000 мутахассиси дараҷаи 1 Раёсати хусусигардонӣ ва кор бо мақомоти маҳаллии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2000 - 2001 мутахассиси пешбари Раёсати хусусигардонӣ ва кор бо мақомоти маҳаллии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2001 - 2002 муовини сардори Раёсати хусусигардонӣ ва кор бо мақомоти маҳаллии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2002 - 2004 сардори Раёсати оид ба корҳои муфлисшавӣ ва такмили санадҳои Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2004 - 2007 сардори Раёсати оид ба корҳои муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2007 - 2008 сармутахассиси Раёсати корҳо – ёвари Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Соли 2008 (01-10) ёрдамчии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2008 - 2009 сармутахассиси Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2009 - 2010 сармутахассиси
Раёсати моликияти давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2010 - 2011 сардори Шуъбаи реструктуризатсия ва муфлисшавии корхонаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2011 – 2014 сардори Шуъбаи дороиҳои давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2014 – 2015 сардори Шуъбаи муносибатҳои амволии хориҷӣ ва маҳаллии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2015 - 2016 сардори Шуъбаи дороиҳои давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2016 – 2018 сардори Шуъбаи харид ва ташкили тендерҳои сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2018 – 2020 сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 03.01.2020 - 01.07.2020 директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон-таксӣ сайр”, шаҳри Душанбе
Солҳои 2020-2023 директори генералии КВД “Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ”-и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Аз 17.07.2023 то ҳоло директори КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе