КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатӣ буда, фаъолияти худро дар самти татбиқи технологияҳои рақамӣ, рушди инноватсия ва баланд бардоштани сатҳи касбии кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ба роҳ мемонад. Марказ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рақамикунонӣ, ислоҳоти идоракунии кишоварзӣ, баланд бардоштани самаранокии
истеҳсолот таъсис дода шудааст. Корхона ҳамчун пойгоҳи методӣ ва маркази омӯзишӣ дар хизматрасонӣ ба бахши кишоварзӣ ва рушди иқтидори кадрҳо хизмат менамояд.
КВД “ Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” вазифаҳои зеринро иҷро мекунад.
- ҷиҳати рушди рақамикунонӣ, инноватсия, омузиш ва дастрасӣ ба технологияҳои рақамӣ;
-
дар ҷорӣ
намудани навовариҳои инноватсионии технологияҳои камасраф барои об, маводи ғизоӣ, зироатҳо ва чорво, истифодаи нуриҳо, нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми кишоварзӣ;
-
фароҳам
овардани шароит барои инкишофи зеҳнӣ, салоҳият, дониш ва
малакаю маҳорати
шунавандагон ва иштирокчиёни курсу семинарҳои такмили ихтисос;
-
қонеъ
гардонидани талаботи шунавандагон ба омӯзиши касб, малака, маҳорат, такмили ихтисос, иваз намудани касб ва ба даст овардани салоҳияти
касбӣ, ки барои фаъолияти муваффақи меҳнатӣ зарур мебошад;
- рушди қобилияти таълими
мустақилона ва омўзонидани дигарон;
- муҳайёсозии шароити ташкилӣ,
молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва таъминоти дигари интишорӣ, маблағгузорӣ,
меҳнатию истеҳсолӣ вобаста ба фаъолияти матбуоти даврӣ;
- бақайдгирӣ ва пешниҳоди маълумот
ба мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба баҳисобгирии давлатии фаъолиятҳои ноширӣ,
полиграфӣ ва матбуоти даврӣ;
-
амалӣ намудани хизматрасониҳо, чорабиниҳои иттилоотию методӣ, ташкилию оммавӣ дар доираи салоҳияти худ.
КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” дорои ҷунин ҳадафҳо мебошад.
-
Ҷорӣ намудани
технологияҳои рақамӣ барои беҳтар кардани идоракунии соҳаи кишоварзӣ.
-
Омода намудани кадрҳои баландихтисос дар заминаи технологияи рақамӣ ва инноватсия.
-
Пешбурди навовариҳо ва таҷрибаи муосир барои баланд бардоштани самаранокӣ.
-
Ҷамъоварӣ ва таҳлил иттилооти соҳа барои қабули қарорҳои муассир.
-
Муайян ва татбиқи стандартҳои миллию байналмилалӣ.
-
Рушди ҳамкории самаранок бо мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд.