Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"

Фаъолиятҳои корхона

Корхона дар соҳаи кишоварзӣ вобаста ба самти рушди рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ фаъолияти зеринро амалӣ менамояд:

- андешидани тадбиру чораҳо дар самти баланд бардоштани низоми рақамӣ ва инноватсия, таъмини илмию техникӣ ва инноватсионии идомаи ислоҳоти аграрӣ дар соҳа;

- баланд бардоштани нерӯи зеҳнии илм ва сармояи инсонӣ, навсозӣ, ва рушди рақамикунонию инноватсионии инфрасохторӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди заминаи мусоид барои рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо технологияҳои рақамӣ;

- баланд бардоштани малакаи кормандони соҳаи кишоварзӣ дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ;

- ташкил ва муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати дастрасии кифоя ба технологияи рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- чораандешии мукаммал намудани истифодаи механизми татбиқи дастовардҳои илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- омузиш ва рушд додани бозори фуруши маҳсулоти кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ;

- ба роҳ мондани рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар самти огоҳонидани кишоварзон аз вазъи обу ҳаво ва тамоюли истеҳсоли маҳсулот дар ҳамкорӣ бо мақомоти обу ҳавошиносӣ;

- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор таъсиси платформаҳои тиҷоратӣ барои молҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ;

- таъмини амборҳои замонавии сардхонаҳо ва гармхонаҳо бо технологияҳои рақамӣ барои нигоҳдории маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ;

- мусоидат дар фароҳам овардани шароити муносиб ва ташаккули ҳавасмандӣ барои фаъолият дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

- ҷалби сармоя барои рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ;

- муайян ва роҳандозии низоми рақамии танзими муносибатҳои давлатӣ бо аҳолӣ ва бахши хусусӣ;

- ташаккули механизми дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмию техникии дорои хусусияти инноватсионӣ;

- дастгирии рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самти фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- мусоидат намудан дар рушд ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти инноватсионӣ дар асоси тиҷоратикунонии фаъолият;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои соҳибкории самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва барои беҳтар намудани фаъолият дар ин самт андешидани тадбирҳо якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ;

- ҷорӣ намудани воситаҳои рақамӣ ва инноватсионии муосир оид ба истифодаи захираҳои иттилоотӣ, платформаҳо, дастрасӣ ва сари вақт гирифтани маълумотҳо, идоракунии равандҳо ва фурўши маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ;

- истифодаи технологияҳои моҳворавӣ, тайёраҳо, дронҳо ва асбобҳои обуҳавосанҷӣ барои муайян ва омўхтани шароити истифодаи замин, маҳсулоти кишоварзӣ, обу ҳаво ва хок;

- ташкили низоми иловагии таҳсилоти касбӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисос;

- таҳияи барномаҳои муосири омузишӣ ва мутобиқсозии онҳо ба талабот, шароит ва хоҳиши шунавандагон;

- қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти соҳа ба мутахассисони баландихтисос;

- инкишофи қобилияти зеҳнӣ, салоҳият, дониш ва малакаю маҳорати мутахассисони соҳаи кишоварзї;

- ташаккули ҳайати мушовирони таълимӣ;

- густариш ва иттилоотдиҳии дониши кишоварзӣ, мунтазам бурдани ташвиқоту тарғиботи таъмини амнияти озуқаворӣ, проблемаҳои ҳифзи муҳити зист, фаъолияти сарфакорӣ ва ҳифз намудани арзишҳои миллӣ;

- мунтазам такмил додани сифати бозомузӣ, такмили ихтисоси касбӣ ва ихтисосгирии мутахассисон, дар асоси таълими бефосила бо назардошти дастовардҳои илму техника ва кишоварзии амалӣ, ҷорӣ намудани технологияи фосилавии донишомузӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии идораи маориф;

- тайёр намудани барномаҳои омузишӣ, роҳнамо ва дастурамалҳои таълимӣ - методӣ барои фермерон, хоҷагидорон ва мутахасисони соҳаи кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур;

- ҷорӣ намудани комёбиҳои илм ва техника, инчунин технологияи муосири маълумотӣ барои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ;

- баланд бардоштани самараноки иқтисодии соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши ҳиссаи он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла ғизои солим;

- мусоидат ба такмили пайвастаи салоҳияти касбӣ, таҳкими неруи эҷодӣ ва қонеъгардонии талаботи шаҳрвандон ба дониш, малака ва маҳорат, мутобиқшавӣ ба вазъи имрўза, меҳнати касбӣ, инкишофи маънавӣ ва такомули шахсӣ;

- афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавассути омӯзиш ва ҳавасмандгардонии кишоварзон ба истифодаи усул ва технологияҳои нави кишоварзӣ, диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ҷорӣ намудани навовариҳо бо назардошти таъсири камтарин ба муҳити зист ва сифати заминҳо, таҳияи чорабиниҳо оид ба иваз намудани моддаҳои кимиёвии то андозае хатарнок ба алтернативӣ, баланд бардоштани қолибияти соҳа, бахусус барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) аз ҳисоби ташаккул ва таҳким додани занҷираҳои арзиши иловашуда;

- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор мониторинги омўзишҳои соҳаи кишоварзӣ, баррасии модулҳои омўзишии муосири техникӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти кишоварзӣ;

- ташкил ва расонидани хизматрасониҳои босифат ва касбӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- пешниҳод ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои машваритию иттилоотӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- ташаккули маҳзани мутахассисони варзидаи соҳа ва таҷрибаҳои беҳтарини кишоварзӣ ва пешбурди он;

-  хизматрасонӣ (иҷрои кор) дар соҳаи рақамикунонӣ;

-  ҷиҳозонидан ва бунёд намудани системаҳои оператсионӣ ва таъминоти барномавӣ ва ҳифзи зиддивирусӣ;

-  ҷиҳозонидан, васеъ кардан ва бунёд намудани алоқаҳои иттилоотӣ ва компютерӣ;

-  таҳия намудани махзани маълумот ва системаҳои иттилоотӣ, барқароркунӣ ва нусхабардории маълумот;

-  мусоидат дар таҳия намудани web-заминаҳо, порталҳои интернетӣ, барномаҳои мобилӣ ва серверҳои дохилиидоравӣ тибқи фармоиш;

-  таҳия ва ҷойгиркунии web-сомонаҳо, кумак барои ташкил намудани сомонаҳо, фаъолияти ноширӣ ва ахборӣ;

-  ҳамкорӣ бо ташкилот ва мақомоти давлатӣ дар самти татбиқи ҳукумати электронӣ ва низоми иттилоотӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  таҳия ва ҳамроҳии сомонаҳо дар шабакаи интернет, лоиҳакашии шабакаҳои локалӣ-ҳисоббаробаркунӣ;

-  мусоидат ба таҳия ва ҷорӣ намудани низоми давлатии электронӣ-ҳуҷҷатӣ, иттилоотӣ-баҳисобгирӣ ва телекоммуникатсионӣ дар ҳама воҳидҳои сохтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар захираҳои иттилоотӣ-ҳуқуқӣ, таъмини амнияти маъмурикунонӣ, назорат ва амнияти маълумоти шахсӣ дар ҷараёни ташаккул, ҳифз ва истифода тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-   таъмини амнияти иттилоотӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, риояи муқаррароти қонунгузории соҳаи ҳифзи иттилоот;

-  мусоидати ҳамаҷониба ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар дастрасӣ ба иттилооти илмию техникӣ, таълимӣ ва ҳуқуқӣ бо воситаи таҳия, омодасозӣ, муайян кардани адади нашр ва фурўши адабиёти дахлдор ва дигар маводҳо;

-  мусоидат ба ҷорӣ, якҷоякунонӣ ва муттаҳид кардани воситаҳои инноватсионии пешрафта дар кор бо иттилооти ҳуқуқӣ ва маълумоти рақамӣ дар доираи фаъолияти умумии ҳамаи сохторҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории электронии байниидоравӣ, аз ҷумла таҳия ва пешбурди пойгоҳи маълумот, захираҳо, порталҳои интернетӣ, барномаҳои компютерӣ ва мобилӣ;

-  ташкил намудани чорабиниҳо, вохуриҳо, курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳо бо хоҷагидорон дар марказ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки ба ташаккул ва рушди рақамикунонӣ, донишу малака, навовариҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқии нав, таҷрибаи беҳтарин, дастгирӣ дар таҳия ва тартиб додани нақшаи тиҷоратӣ, лоиҳаи сармоягузорӣ, воситаҳои муосири идоракунӣ, маркетинг, талаботи низоми нави пардохтҳо, мушкилот бо тартибот ва бурдани ҳисоботи молиявӣ равона карда мешаванд;

-  ҳамоҳангсоз ва ҳамроҳии техникӣ дар баргузории семинарҳо, конфронсҳо, озмунҳо ва намоишҳо;

-  ба таври шартномавӣ ташкили курсҳои кутоҳмуддати омўзишии технологияҳои иттилоотӣ коммуникатсонӣ, забонҳои хориҷӣ;

-  таҳия ва паҳн намудани маводҳои тарғиботӣ, аз ҷумла роҳнамо, харитаи роҳ, китобу маҷаллаҳо, буклету брошура, роликҳо, диск, флешкорт ва армуғону туҳфаҳо;

-  мусоидат дар ҷустуҷуи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ва ҷалби сармоягузориҳо барои амалишавии лоиҳаҳо;

-  расонидани хизматрасониҳои сайёҳии кишоварзӣ, намоишию тарғиботӣ, роҳбаладӣ, валантиёрӣ, фарҳангию фароғатӣ, табобатию истироҳатӣ, меҳмонхонадорӣ, танзими пазироиҳои расмӣ ва корӣ

-  паҳн кардани барномаҳои литсензионӣ;

-  хизматрасониҳои техникӣ, таъмир, ташхиси мошинаҳои корхонагӣ, таҷҳизоти ҳисоббаробаркунӣ, воситаҳои алоқа ва дигар таҷҳизоти технологӣ;

-  тибқи тартиби муқарраршуда амалӣ намудани ҳамкориҳои илмию техникӣ бо ташкилотҳо, аз ҷумла ширкатҳои хориҷӣ;

-  иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти Корхона дахлдошта, инчунин таҳияи пешниҳод ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати Корхона дохил мебошанд;

-  бурдани гуфтушунид ва ба имзо расонидани шартномаҳо бо сохторҳои дигар давлатҳо оид ба такмили фаъолияти Корхона дар доираи Оиннома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дигар намуди фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва дар ин замина ба даст овардани фоида.