2026-02-02
Санаи 2 феврали соли 2026 инчунин дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ
бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозӣ намудани
дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии соҳаи кишоварзӣ, тақвияти фаъолият,
иттилоотонӣ ва баланд бардоштани дониши кишоварзӣ, тарғиби таъмини амнияти
озуқаворӣ, омӯзиш ва маълумотноксозии кишоварзон ба истифодаи усул ва технологияҳои
нави муосир ва такмили ихтисоси касбӣ семинар машварати бозомӯзии роҳбарону
мутахассисони хоҷагиҳои кишоварзӣ дар давраи зимистони соли 2026 дар мавзӯи
“Таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии
иқлим ва чорабиниҳо оид ба коҳиш додани он дар истеҳсолоти хоҷагиҳои кишоварзӣ”
баргузор гардид.
Дар кори семинари омӯзишӣ масъулини Вазорати кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон,
намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии
Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, КВД “Маркази
рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ", ТҶ
"Нексигол-Мушовир", олимони соҳа ва масъулони кишоварзии ноҳияи
Шуғнон иштирок намуданд.