Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"
Ҳамаи хабарҳо
News

Идомаи семинар машварати бозомӯзии кадрҳои соҳаи кишоварзӣ дар мавзӯи “Таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва чорабиниҳо оид ба коҳиш додани он дар истеҳсолоти хоҷагиҳои кишоварзӣ”.

2026-02-05

Санаи 5 феврали соли 2026 инчунин дар ноҳияи Рушони ВМКБ бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии соҳаи кишоварзӣ, тақвияти фаъолият, иттилоотонӣ ва баланд бардоштани дониши кишоварзӣ, тарғиби таъмини амнияти озуқаворӣ, омӯзиш ва маълумотноксозии кишоварзон ба истифодаи усул ва технологияҳои нави муосир ва такмили ихтисоси касбӣ семинар машварати бозомӯзии роҳбарону мутахассисони хоҷагиҳои кишоварзӣ дар давраи зимистони соли 2026 дар мавзӯи “Таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва чорабиниҳо оид ба коҳиш додани он дар истеҳсолоти хоҷагиҳои кишоварзӣ” баргузор гардид.

Дар кори семинари омӯзишӣ масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушони ВМКБ, намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ", ТҶ "Нексигол-Мушовир", олимони соҳа ва масъулони кишоварзии ноҳияи Рушон иштирок намуданд.

Дар семинари мазкур мавзуҳои асосӣ вобаста ба масъалаҳои рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, ҷори намудани технологияҳо ва воситаҳои рақамӣ, паҳн намудани иттилоот, технологияи бунёди боғу токзор, гармхонаҳо, парвариши зироатҳои равғандиҳанда, парвариши зироатҳои сабзавотӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои байторӣ ва пешгирии бемориҳо, муҳофизати зироатҳои кишоварзӣ ва растанӣ, чорабиниҳои агротехникӣ вобаста ба хок, техникаи кишоварзӣ, рушди тухмипарварӣ ва картошкапарварӣ барои иштирокчиён тариқи рӯнамо муаррифӣ карда шуда, барои баланд бардоштани савияи дониши соҳавӣ ва нерӯи касбӣ муфид арзёбӣ гардид.

Галереяи аксҳо

Thumbnail 1
Thumbnail 2
Thumbnail 3
Thumbnail 4
Thumbnail 5
Thumbnail 6
Thumbnail 7
Thumbnail 8
Thumbnail 9
Thumbnail 10
Thumbnail 11
Thumbnail 12
Thumbnail 13