2026-02-26
Санаи 26 феврали соли 2026 дар бинои КВД “Маркази
рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони масъули
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия
ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, Академияи илмҳои кишоварзии
Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Барномаи
озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Ташкилоти "Каритас", Кооперативи
"Сароб", Ташкилоти ҷамъиятии "Пешсаф" ва
"Агроолам", "Ҷовид", Ташкилоти Олмонии "WHH",
Ташкилоти "GNT" ҷаласаи дахлдори Гуруҳи кории техникии Лоиҳаи “Ҷалб
намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани
технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои
арзиши маҳсулот” баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳо ҷиҳати беҳтар кардани амнияти ғизоӣ
дар байни ҷавонони деҳқонони хурдтаъминкунанда (синни 15-35 сола), таъмини
дастрасии баробар ба дониш, навоварӣ ва муҳити устувори тиҷоратӣ бо истифода аз
технологияҳои рақамӣ, ки амнияти ғизоӣ ва ғизоро беҳтар мегардонад, муаррифӣ
кардани лоиҳа, мақсадҳо ва натиҷаҳои интизорӣ, нақшҳо, масъулиятҳо, модулҳои
омӯзишӣ, нақшаи корӣ, афзалиятҳои техникӣ ва қадамҳои минбаъда мавриди баррасӣ
қарор дода шуд.