Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"
Ҳамаи хабарҳо
News

Вохурии кормандони КВД "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ" бо намояндаи ташкилоти "Агроаксияи Олмон"

2026-03-05

Санаи 5 марти соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Асадуллозода И. - директори КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, Аминов Б. - сармутахассис - мушовир оид ба IT дар соҳаи кишоварзии КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” бо Бодурбеков М. - мушовири мустақил оид ба тадқиқот аз Ташкилоти “Агроаксияи Олмон” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳо ҷиҳати роҳандозии мониторинг ва таҳлили рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, баланд бардоштани савияи донишу малакаи деҳқонон ва кадрҳои соҳаи кишоварзӣ, ташкили омузишҳои амалӣ, дар якҷоягӣ гузаронидани таҳлилу тренингҳо, омузишу таҷрибаи муосир ва ташкили вохуриҳои даврӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Галереяи аксҳо

Thumbnail 1
Thumbnail 2
Thumbnail 3
Thumbnail 4
Thumbnail 5
Thumbnail 6
Thumbnail 7