Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"
Ҳамаи хабарҳо
News

Вохӯрии кормандони КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” бо намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

2026-03-05

Санаи 5 марти соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарият ва кормандони КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” бо роҳбарият ва кормандони Шуъбаи ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба ташаккул ва рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон, татбиқи иқтисоди рақамӣ, таҳия ва қабули Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029, инчунин вазифаҳои асосӣ дар самти рақамикунонӣ, баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои соҳа, омӯзиш ва омодасозии мутахассисони бахши технологияҳои рақамӣ, роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда, дар якҷоягӣ гузаронидани таҳлилу тренингҳо, омузишу таҷрибаи муосир ва ташкили омузишҳои амалию вохуриҳои даврӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Галереяи аксҳо

Thumbnail 1
Thumbnail 2
Thumbnail 3
Thumbnail 4
Thumbnail 5
Thumbnail 6
Thumbnail 7
Thumbnail 8
Thumbnail 9