Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"
Ҳамаи хабарҳо
News

Таҷлили Рузи Модар дар КВД "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"

2026-03-06

Рӯзи 8 март, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон таҷлил мегардад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯз ҳамчун Рӯзи модар пазируфта шудааст.

Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои пурмуҳаббат ва самимӣ ба шумор меравад. Ин рӯз, бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Дар ин сана мардум ба модарон, апа, хоҳар ва бонувони худ эҳтирому муҳаббати беандоза зоҳир менамоянд.

Модар - сарчашмаи ҳаёт, рамзи меҳрубонӣ ва фидокорист. Ӯ бо муҳаббати бепоён фарзандро ба дунё оварда, тарбия мекунад ва барои ояндаи неки ӯ тамоми қувваю тавоноии худро сарф менамояд. Меҳри модар беҳтарин ва поктарин меҳр дар ҷаҳон аст.

Вобаста ба ин Иди пуршукуҳ санаи 6 марти соли 2026 дар КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардида, дар чорабинӣ ба занону бонувон туҳфаҳо тақдим гардид. Қайд гардид, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромии ватани маҳбубамон ҷамъ омадаем, то рузи модаронро бо эҳтирому муҳаббати беандоза таҷлил намоем. Ин рӯз рамзи қадршиносӣ, арҷгузорӣ ва сипоси самимии мо нисбат ба занону модаронест, ки бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва хиради волои худ ҷомеаро рушд мебахшанд. Зан чароғи хонадон, сарчашмаи меҳр ва тарбиятгари насли инсон аст.

Бигзор ҳама модарон ҳамеша сиҳату саломат ва хушбахт бошанд!

Галереяи аксҳо

Thumbnail 1
Thumbnail 2
Thumbnail 3
Thumbnail 4
Thumbnail 5
Thumbnail 6
Thumbnail 7