Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"
Ҳамаи хабарҳо
News

Баргузории ҷаласаи лоиҳаи “Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои арзиши маҳсулот”

2026-03-11

Санаи 11 марти соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии Созишномаи кумаки техникӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ доир ба татбиқи лоиҳаи “Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои арзиши маҳсулот” таҳти роҳбарии Н. Анварӣ - муовини вазири кишоварзӣ ва Симон Холлема - директори Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳа баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарият ва намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи таълими ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Кооперативи “Сароб” ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятию бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо ҷиҳати беҳтар кардани амнияти ғизоӣ дар байни ҷавонони деҳқонони хурдтаъминкунанда, таъмини дастрасии баробар ба дониш, навоварӣ ва муҳити устувори тиҷоратӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, ки амнияти ғизоӣ ва ғизоро беҳтар мегардонад, муаррифӣ кардани лоиҳа, мақсадҳо ва натиҷаҳои интизорӣ, нақшаи корӣ, афзалиятҳои техникӣ, таъмини ҳамоҳангӣ, робита ва мукаммалӣ, ташкили гуруҳи кории техникӣ, ташкили вохуриҳои даврӣ, ноил шудан ба ҳадафҳо, ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои рақДар ҷаласа масъалаҳо ҷиҳати беҳтар кардани амнияти ғизоӣ дар байни ҷавонони деҳқонони хурдтаъминкунанда, таъмини дастрасии баробар ба дониш, навоварӣ ва муҳити устувори тиҷоратӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, ки амнияти ғизоӣ ва ғизоро беҳтар мегардонад, муаррифӣ кардани лоиҳа, мақсадҳо ва натиҷаҳои интизорӣ, нақшаи корӣ, афзалиятҳои техникӣ, таъмини ҳамоҳангӣ, робита ва мукаммалӣ, ташкили гуруҳи кории техникӣ, ташкили вохуриҳои даврӣ, ноил шудан ба ҳадафҳо, ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои рақамикунонӣ, инноватсия ва қадамҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Галереяи аксҳо

Thumbnail 1
Thumbnail 2
Thumbnail 3
Thumbnail 4
Thumbnail 5
Thumbnail 6
Thumbnail 7
Thumbnail 8