Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"
Ҳамаи хабарҳо
News

Идомаи семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва донишҷуён аз тарафи мутахасисону олимони варзидаи соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2026-03-18

Санаи 18 марти соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муаррифии татбиқи сиёсати давлатии соҳаи кишоварзӣ, омӯзиш ва маълумотноксозии кишоварзон ба истифодаи усул ва технологияҳои нави муосир, такмили ихтисоси касбӣ, иҷро ва тадбиқи амалии Протоколи ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, “Протокол оид ба ҳамкорӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ” байни КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии илм ва инноватсияҳо дар соҳаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон (AKIS) дар якҷоягӣ бо мутахасисону олимони варзидаи соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон (ҳарду кишвар) семинари омузишӣ дар мавзуҳои “Усулҳои муосири агротехнологияи ғалладонагӣ ва роҳҳои устувори ҳосилнокӣ ва “Пахтакории муосир: навъҳои нави серҳосили пахта, усулҳои анъанавӣ ва инноватсионии селексия, системаи муосири тухмипарварӣ, технологияҳои инноватсионии сарфаи об ва захираҳо дар истеҳсоли пахта бо дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ва Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори семинари мазкур роҳбарият ва намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, инчунин намояндагон ва масъулони кишоварзию роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳри Турсунзода, шаҳри Ҳисор, шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рудакӣ, Шаҳринав, Файзобод, Варзоб, олимон ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.      

Дар маҷмӯъ чорабинӣ аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа пурмӯҳтаво ва самарабахш доир гашта, ба тарафҳо муяссар гардид, ки байни якдигар табодули таҷриба ва сатҳи корбарии худро дар самти усулҳои муосири агротехнологияи ғалладонагӣ, пахтакории муосир: навъҳои нави серҳосили пахта, ва омузишу таҷрибаи якдигарӣ дар соҳаи кишоварзӣ зиёд ва оянда ҳамкориҳои самараноку натиҷабахшро дар самтҳои фаъолияти якдигарӣ беҳтар намоянд.

Галереяи аксҳо

Thumbnail 1
Thumbnail 2
Thumbnail 3
Thumbnail 4
Thumbnail 5
Thumbnail 6
Thumbnail 7
Thumbnail 8