2026-04-07
Санаи 7 апрели соли 2026 дар бинои КВД “Маркази
рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Асадуллозода И. - директори КВД
“Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”
бо Ҳошимова Азиза - роҳбари гурӯҳ, мушовирон ва намояндаҳои ТҶ “Ассотсиатсияи
миллии занони соҳибкори Тоҷикистон” ва Ширкати муштараки Encompass/ALFA Line
LLC, ки дар доираи Лоиҳаи “Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандии
занони деҳот”-и Бонки Осиёии Рушд амалӣ мекунанд, баргузор гардид.
Дар вохурӣ масъалаҳо ҷиҳати гузаронидани ташхиси институтсионалӣ
ва ҷамъоварии иттилооти зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои Лоиҳаи “Таъмини воситаҳо барои
зиндагии устувор ва тавонмандии занони деҳот”, роҳандозии ҳамкориҳо дар самтҳои
рақамикунонӣ, инноватсия, илм, баланд бардоштани савияи донишу малакаи кадрҳои соҳаи
кишоварзӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои занон дар соҳаи кишоварзӣ, баррасии
платформаҳои рақамӣ, ҷорӣ ва паҳн намудани платформаҳои омӯзишӣ, дар якҷоягӣ гузаронидани
семинару тренингҳо ва омӯзишу таҷрибаи муосир ва ташкили вохуриҳои даврӣ мавриди
баррасӣ қарор дода шуд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром баргузор
шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи гуфтугӯ ва таҳияи нақшаи муштараки ҳамкорӣ
баён намуданд.