Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"
Ҳамаи хабарҳо
News

Баргузории машварати омӯзишӣ ва ҷаласаи дахлдори Лоиҳаи “Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои арзиши маҳсулот”

2026-04-08

Санаи 8 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе, дар бинои меҳмонхонаи “Серена” бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон, дар доираи Лоиҳаи “Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои арзиши маҳсулот” машварати омӯзишӣ ва ҷаласаи дахлдори Лоиҳаи мазкур баргузор гардид.

Дар кори чорабинии мазкур намояндагони масъули Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, кормандони соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию фермерии ноҳияҳои зерҳадаф, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP), Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (KOICA), Ташкилоти “Каритас”, Кооперативи “Сароб”, Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф”, Ташкилоти “Агроолам”, Ташкилоти “Ҷовид”, Ташкилоти Олмонии “WHH”, Ташкилоти “GNT” ва дигар намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур мавзуҳои асосӣ вобаста ба муаррифии фаъолиятҳои асосии лоиҳа ва нақшаи татбиқи он, муаррифии натиҷаҳои арзёбии базавӣ (Baseline Assessment), омодагии рақамии деҳқонони ҷавон дар Тоҷикистон, баланд бардоштани иқтидори деҳқонони ҷавон тавассути омӯзишҳо, гузаронидани семинар-машваратҳои омӯзишӣ, муаррифии натиҷаҳои арзёбии истифодаи платформаҳои кишоварзии рақамӣ барои деҳқонони ҷавон дар Тоҷикистон ва муҳокимаи нақши шарикон дар ҳамкории минбаъда тавассути рӯнамо муаррифӣ гардида, муфид ва самаранок арзёбӣ гардиданд.

Галереяи аксҳо

Thumbnail 1
Thumbnail 2
Thumbnail 3
Thumbnail 4
Thumbnail 5
Thumbnail 6