2026-04-16
Санаи 16 апрели соли 2026 дар бинои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Ҳалли технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои соҳаи кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва рушди деҳот” семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Муаррифии системаи миллӣ барои ҷамъоварӣ, мониторинг ва ҷамъбасти маълумотҳои соҳаи кишоварзӣ” баргузор гардид.
Дар кори семинар-машварати мазкур намояндагони масъули Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Маркази
раќамикунонї, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрњои соњаи кишоварзї”, намояндагон
ва масъулони кишоварзӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рудакӣ ва Варзоб, мушовирон, намояндаҳои Лоиҳаи “Ҳалли технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои соҳаи кишоварзӣ,
захираҳои табиӣ ва рушди деҳот”-и Бонки Осиёии
Рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур мавзуҳои асосӣ вобаста ба фаъолиятҳои асосии лоиҳа ва нақшаи татбиқи он, рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон, истифодаи
зеҳни сунъӣ дар технологияҳои рақамӣ барои беҳтар кардани
мониторинги кишоварзӣ,
таҳия ва татбиқи системаҳои иттилоотӣ дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ, қобилияти кормандон (Capacity
Development) дар истифодаи системаҳои рақамӣ ва ҳамоҳангсозии ҷамъоварии маълумот аз ҷамоатҳо, ноҳияҳо то вазорат, инчунин дар оянда гузаронидани
семинар-машваратҳои омӯзишӣ ва ташкили
омузишҳои амалию вохуриҳои даврӣ тавассути рӯнамо муаррифӣ гардида, муфид
ва самаранок арзёбӣ гардиданд.