Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"
Ҳамаи хабарҳо
News

Тақвияти ҳамкориҳо дар самти рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ

2026-05-05

Санаи 5 майи соли 2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Асадуллозода И. - директори КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ бо Исмоилов М. - муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ”-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохурӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ташаккул ва рушди рақамикунонӣ, истифодаи имкониятҳои техникӣ ва инфрасохторӣ, GIS технологияҳо, барномаҳои платформаҳои рақамӣ дар соҳа, такмили ихтисоси кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Аз ҷумла, истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ ва алоқаи моҳвораӣ барои таъмини дастрасии минтақаҳои дурдасти кишоварзӣ ба шабакаи интернет, омодагӣ ҷиҳати расонидани кумаки техникӣ дар татбиқи технологияҳои моҳвораӣ барои мониторинги заминҳои кишоварзӣ ва рушди зерсохтори рақамӣ дар деҳот ва хизматрасониҳои рақамии соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вохӯрӣ дар фазои созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром баргузор шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои ба роҳ мондани алоқаю ҳамкории зич, идомаи гуфтугӯ ва таҳияи нақшаи муштараки ҳамкорӣ баён намуданд.

Галереяи аксҳо

Thumbnail 1
Thumbnail 2
Thumbnail 3