Вохӯрӣ оид ба рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ
Санаи 25 июни соли
2026 дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси
кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии
роҳбарият ва кормандони КВД “Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили
ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” бо роҳбарият ва намояндагони Ширкати “UMI
LLC” оид ба масъалаҳои ташаккул ва рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ баргузор
гардид.
Дар вохӯрӣ
масъалаҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дар рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз
технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ширкати “UMI LLC”
яке аз ширкатҳои пешқадами технологӣ ба шумор рафта, қарорҳоро дар заминаи
зеҳни сунъӣ ва технологияҳои амиқ (deep technologies) барои тиҷорат ва
ташкилотҳои давлатӣ коркард ва ҷорӣ менамояд. Ширкати мазкур ба заминаи
пурқуввати илмӣ, аз ҷумла беш аз 50 патент ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ такя
намуда, бо донишгоҳҳои пешқадам ва марказҳои тадқиқотии байналмилалӣ, сохторҳои
давлатӣ ва мизоҷони корпоративӣ ҳамкории зич дорад. Он ба сохторҳои соҳавӣ
барои истифодаи сенсорҳо, маълумоти моҳвораӣ, системаҳои геоинформатсионӣ,
зондгуронии фосилавии замин, датчикҳои (IoT) ва идоракунии маълумот ҷиҳати
ҳалли вазифаҳои амалӣ кумак мерасонад. Ҷуғрофияи шартномаҳо ва лоиҳаҳои ширкат
кишварҳои Осиёи Марказӣ, Африқои Шимолӣ, Аврупо, Осиё, Африқо ва Австралияро
дар бар гирифта, таҷрибаи он самтҳои муҳим, аз қабили зеҳни сунъӣ дар соҳаи
кишоварзӣ, системаҳои гармхонаӣ, мониторинги парандапарварию чорводорӣ,
мониторинги экологӣ, киберамният ва геологияю ҷустуҷӯиро фаро мегирад.
Вохӯрӣ дар фазои
созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром баргузор шуда, пас аз муаррифии платформаҳои
рақамӣ аз ҷониби тарафҳо саволу пешниҳодҳо ва маълумотҳои мукаммал манзур карда
шуд. Дар маҷмӯъ, ҷонибҳо ба лоиҳаҳои пешниҳодшуда баҳои баланд доданд ва омодагии
худро барои ба роҳ мондани алоқаю ҳамкории зич, идомаи гуфтугӯ ва таҳияи нақшаи
муштараки ҳамкорӣ баён намуданд.
Галереяи аксҳо