Logo
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТӢ

Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар самти рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири соҳаи кишоварзӣ

Ҳамаи хабарҳо
Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар самти рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири соҳаи кишоварзӣ
14.07.2026

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар самти рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири соҳаи кишоварзӣ

Санаи 14 июли соли 2026 дар бинои КВД «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Асадуллозода И. - директори КВД «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ» бо Ян Сунсян - ҳаммуассис ва саҳмдори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди технологияҳои кишоварзии «Мейланд», Лан Юнфэн - мушовири техникии ҷамъияти мазкур ва Гао Вэй - узви Кумитаи доимии машваратии сиёсии ноҳияи Бэйчен аз Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самтҳои ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишоварзӣ, рақамикунонӣ, инноватсия, истифодаи дастовардҳои илмӣ ва навовариҳои технологӣ, рушди картошкапарварӣ ва такмили низоми истеҳсоли тухмии картошка мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ширкати «Мейланд» фаъолияти ширкатро муаррифӣ намуда, доир ба таҷрибаи корӣ дар самти истеҳсоли микротубери картошка, парвариш ва такрористеҳсоли тухмии картошка, коркарду нигоҳдории маҳсулот, инчунин ташкили занҷираи мукаммали истеҳсолӣ маълумот пешниҳод намуданд. Таъкид гардид, ки ширкат дар татбиқи технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва рушди низоми устувори картошкапарварӣ таҷрибаи назаррас дошта, тамоми равандҳои истеҳсоли картошкаро парвариш, афзоиш, паҳнкунӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯшро мутаҳид намуда, ҳамчун платформаи технологии баланди кишоварзӣ бо занҷираи пурраи саноатии картошка дар бозори ҷаҳонӣ фаъолият менамояд ва омода аст дар доираи ҳамкориҳои муштарак ин таҷрибаро бо ҷониби Тоҷикистон мубодила намояд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи системаҳои муосири мониторинг ва идоракунии равандҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, имкониятҳои амалисозии лоиҳаҳои муштарак, рушди иқтидори кадрӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ, семинару тренингҳои тахассусӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешқадамро муҳокима карданд.

Дар анҷоми мулоқот бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, рушди робитаҳои касбӣ ва илмӣ, табодули таҷриба, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни КВД «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди технологияҳои кишоварзии «Мейланд» Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи муқаррароти меморандуми мазкур дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ворид намудани технологияҳои пешрафта, рушди рақамикунонӣ ва инноватсия, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. 

Галереяи аксҳо

Дигар хабарҳо